Главная / Все новости
МАШҒУЛИЯТИ ИДОРАВӢ ДАР МАВЗУИ ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ МУСОИДАТ БА ШУҒЛИ АҲОЛӢ”

МАШҒУЛИЯТИ ИДОРАВӢ ДАР МАВЗУИ ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ МУСОИДАТ БА ШУҒЛИ АҲОЛӢ”

Санаи 13-уми феврали соли 2026 тибқи Нақшаи машғулиятҳои идоравӣ, дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказӣ машғулияти идоравӣ дар мавзуи шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ” баргузор гардид.

Вобаста ба мавзуъ Зарифзода З.П. муовини сардори раёсат – сардори шуъбаи рушди захираҳои меҳнатии раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ баромад намуда, доир ба татбиқ ва амалисозии қонуни мазкур аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ маълумоти муфассал манзур намуданд.

Дар рафти машғулияти идоравӣ директори Агентӣ Саидзода Ш.М. аз ҳамаи кормандон даъват ба амал оварданд, ки қонунгузории соҳаро пурра омӯхта, дар пешрафти соҳа ва давлат саҳмгузор бошанд.

Дар фарҷом доир ба мавзуъ суолу ҷавоб доир гардид.

Наши партнеры