РАҲКУШОИ РОҲЁБИ ДИЛНАВОЗӢ ДУСТӢ.
Аз азал тоҷикон миёни халқҳои ҷаҳон бо фарҳанги ганӣ, тамаддун ва арзишҳои муқаддаси милливу қадима шинохта шуда, ин мардуми соҳибфазилату хирадпеша тамоми хислатҳои ҳамидаи инсониро дар худ доштанд. Дар замони соҳибистиклолии кишвар талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи сулҳу дӯстӣ ва ҳамбастагиву ҳамдилӣ бори дигар фарҳангу маданияти баландро соҳиб будани халқу миллати тоҷикро собит намуд. Меҳрубониву инсондӯстии бемисли ин мардуми шарафманд на танҳо дар муносибатҳои шахсӣ, балки дар расму оинҳои аҷдодӣ, анъанаҳои миллӣ ва умуман дар тарзи зиндагии тоҷикон реша дошта, онҳоро дар миёни дигар халқу миллатҳо ҳамчун мардуми самимӣ, бофарҳанг ва меҳмоннавоз муаррифӣ менамояд.
Ин сифатҳои нек тӯли қарнҳо дар фарҳанги тоҷикон ташаккул ёфта, аз таърихи пурғановати пуршебу фарози онҳо сарчашма мегирад. Ин анъанаҳо ҳамчун мероси гаронбаҳои аҷдодӣ то имрӯз дар ҳаёти рӯзмарраи халқу миллати тоҷик дида мешавад, ки аз наслҳоро ба ҳам пайванд месозад.
Яке аз зуҳуроти барҷастаи меҳрубонии тоҷикон анъанаи меҳмоннавозӣ аст. Дар фарҳанги тоҷик қабули меҳмон ва ба ҷо овардани эҳтироми ӯ бо як тарзи самимонаву хоса сурат мегирад. Меҳмонро бо чеҳраи хандон пешвоз мегиранд, дар ҷои муносиб ҷой мекунанд ва барояш дастурхони пурнозу неъмат густурда, бо беҳтарин хӯрок ва нӯшокиҳо зиёфат медиҳанд. Ончи ки дар бисот дорад, барои меҳмон руйи хон меоваранд, ки ин анъана ҳам дар муносибатҳои шахсӣ ва ҳам дар сатҳи ҷамъиятӣ назаррас буда, дар муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари меҳмоннавоз нақши созгор дорад. Дасти сахо кушодану мушкили корафтодаеро осон кардан низ аз хислатҳои хоси тоҷикон мебошад, ки онҳо ҳамеша омодаанд, ба ниёзмандон дасти ёрӣ дароз кунанд ва дар ғаму шодии дигарон шарик бошанд.
Дар ҷомеаи тоҷик анъанаҳои хайрия ва кӯмак ба ашхоси имконияташ маҳдуд ва оилаҳои ниёзманд дар ҷои аввал меистад. Дар арафаи иду ҷашнҳои милливу мардумӣ ва ҳамчунин расмӣ онҳо бо саховати бемисл ҳамеша аз дасти ҳам мегиранд, ва қишри ниёзманди ҷомеаро танҳо намегузорад, саховату эҳсони хешро дареғ намедоранд. Ҳамчунин, дар ҳолатҳои фавқулодда, офатҳои табиӣ ва дар ҳамагуна вазъияти баамаломада мардуми Тоҷикистон бо ҳамбастагии хоса ба корафтодагону осебдидагон ёрӣ мерасонанд, ки ин нишонаи олии меҳрубониву инсондӯстии онҳо мебошад.
Дар фарҳанги тоҷик инсон мақому манзалати махсусро дорост, ки ба хурду бузург эҳтирому арҷгузорӣ менамоянд. Калонсолон ҳамчун хазинаи маъниву панду ҳикмат ва таҷриба қадр карда шуда, муносибат бо онҳо ҳамеша муаддабона ва мулоимӣ сурат мегирад. Наврасону ҷавонон суханони онҳоро гӯш медиҳанд, пеш аз оғози коре аз онҳо дуо мегиранд, аз машварату маслиҳатҳояшон баҳра мебардоранд, барои хабаргириву аёдат мераванд ва ҳамеша кӯшиш мекунанд, онҳо осудаву бароҳат бошанд.
Ҳамзамон, меҳрубониву ғамхорӣ нисбат ба кӯдакон низ яке аз ҷузъҳои муҳими фарҳанги тоҷик ба шумор меравад. Падару модар, ҷомеа ва бузургсолон ба таълиму тарбияи дурусти насли наврасу ҷавон аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд ва кӯшиш менамоянд онҳо дар муҳити хубу созгор ҳамчун посдор ва нигоҳдорандаи арзишҳои муқаддаси миллӣ, дар рӯҳияи инсондӯстиву меҳанпарастӣ ба воя расида, фарзандони шоистаи давру замон бошанд.
Дар дӯству ҳамсоядорӣ низ мардуми тоҷик бемислу монанд аст. Дар ҳаёти ин миллати тамаддунофару шарафманд дӯст ҳамдилу ҳамроз, маслиҳатгари хуб, ҳамчун бародар ва фарзанди падар ҷойгоҳи махсус дорад. Муносибатҳои дӯстона аксар вақт тӯли солҳо устувор мемонанд ва дар лаҳзаҳои шодиву ғам дӯстон ҳамеша дар паҳлуи якдигар қарор доранд. Мардуми тоҷик ҳамсояҳои хешро низ ҳамчун дӯсту бародар ба худ қабул намуда, аз азал ин оинҳоро азизу муқаддас нигоҳ медоранд, ки боиси сарбаландиву саодатмандист.
Воқеан, ин мардум бо ҳамсоягони хеш дар шодиву ғами якдигар шариканд, дар корҳои хоҷагӣ дасти ҳам мегиранд ва дар ҳолатҳои зарурӣ дастгирии моддӣ ва маънавӣ мерасонанд. Ин урфу одат ва муносибатҳои нек заминагузори таҳкими сулҳу субот ва ҳамдиливу ҳамбастагӣ дар ҷомеаи мутаммаддин мебошад. Аз ин ҷост, ки ғамхориву меҳрубонӣ ва инсондӯстии халқу миллати тоҷик дар саҳифаҳои таърихи фарҳанги бойи инъикос ефтааст.
Зикр бояд кард, ки адибону нависандагони форсу тоҷик ба мавзӯъҳои дӯстӣ, садоқату меҳрубонӣ, меҳру шафқат ва ватанпарстиву инсондӯстӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намудаанд. Эҷодиёти шоиру адибони классику муосири адабиёти тоҷик, аз қабили Рӯдакию Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Айниву Турсунзода, Лоиқу Гулрухсору Бозор, Фарзонаи Хуҷандӣ ва садҳои дигар хазинаи пур аз панду насиҳат дар бораи аҳамияти муносибатҳои нек ва инсонпарварӣ мебошанд.
Ҳамчунин, санъати рақсу мусиқӣ ва дигар ҳунарҳои мардумии тоҷик низ саршор аз рӯҳияи меҳрубонӣ ва самимият аст.
Маҳз ҳамин хислатҳои неки тоҷикон, меҳмоннавозию саховатпешагӣ, эҳтироми хурду бузург, риояи ойинҳои дӯстиву садоқат ва ҳамсоядорӣ, боис гардидааст, ки дар арсаи ҷаҳон онҳоро ҳамчун халқи бофарҳангу меҳрубон бишносанд.
Бояд гуфт, ки ойини меҳрубониву дӯстӣ, эҳтирому ҳамсоядорӣ, як рукни муҳим ва асосии фарҳангу тамаддуни бою пурғановати тоҷикон мебошанд ва ин арзишҳои муқаддас, ки ороишгари ҷавҳари ҳастии инсонанд, аз дуриҳои таърих сарчашма гирифта, дар қалбу ниҳоди мардуми шарафманди тоҷик маскан гузидаанд ва аслҳову навлҳоро асолати пайвандӣ медиҳанд, ки боиси ифтихору сарбаландии ҳар як тоҷику Тоҷикистонӣ аст.
Соҳиби фарҳанг буда миллатам аз бостон,
Нури озоди бувад пушту паноҳи тоҷикон.
Кафтари иқболи мо пар мекашад бо сад умед,
Пешвои халқи мо поянда бодо ҷовидон.
Нури нав, иқболи нав овард сулҳу дӯстӣ,
Суйи бахту суйи шодобист роҳи ростон.
Ин ҳама нуру сафо эзад, ки бар мо додааст,
Шукр мегуем ӯро мо ба сад гуна забон.
Дар ҳама рӯи замин маълум гардидаст, ин ,
Кишвари сулҳ аст охир давлати мо бегумон.
Раҳкушои роҳёбӣ дилнавозӣ дустӣ
Ин ҳама тобанда шуд аз ҳиммати соҳибдилон.
Сардори Раёсати ҳифзи меҳнати
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ
Мардонзода Г