БОЗДИД АЗ МАҚОМОТИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ ДАР ШАҲР ВА ЯКЕ АЗ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Санаи 12 феврали соли 2026 директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Саидзода Шаҳбоз Майдон ҷиҳати шиносоӣ бо шароити корӣ аз мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Левакант ва ноҳияи Вахши вилояти Хатлон дидан намуданд.
Зимни мулоқот роҳбарияти Агентӣ ба масъулин ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои мақомоти шуғли аҳолӣ, кабудизоркунии атрофи биноҳо, ҷалби бештари шаҳрвандон ба касбомӯзӣ ва таъмин намудани онҳо бо ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани малакаи кормандон ва баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дастуру супоришҳои мушаххас доданд.