Главная / Все новости
    КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЗАМИНАИ БУНЁДИИ ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

                                                                           КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЗАМИНАИ БУНЁДИИ ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

     Конститутсия қонуни асосии давлат буда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, принсипҳои умумии ҳуқуқро аниқ мекунад. Дар таърихи башарият маҳз Конститутсияҳо сарчашмаи дигаргунии куллӣ ва прогресси ҷамъият гаштаанд. Пайдоиш ва инкишофи Конститутсияи Тоҷикистон бошад ба барпоёбӣ ва ташаккули давлати миллии тоҷикон алоқаманд буда, панҷ марҳилларо аз сар гузаронидааст. Яъне аз соли 1929 то имрӯз, 5 маротиба, солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 Конститутсия қабул кардааст. Конститутсияи амалкунанда аз конститутсияҳои гузашта куллан фарқ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал намуда, ба стандартҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Зикр намудан ба маврид аст, ки санаи 10-уми декабри соли 1948 аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Миллали Муттаҳид Эъломияи ҳуқуқи башар қабул гардидааст, ки иҷрои он барои ҳама давлатҳои аъзои СММ ҳатмӣ мебошад.

Барои қабули конститутсияи нави давлати соҳибистиқлол, Комиссияи конститутсионӣ бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуд. Комиссияи конститутсионӣ иборат аз се гурӯҳ буда, аъзои гурӯҳи корӣ мутахассисони сатҳи байналмилалӣ, олимон ва муҳаққиқони соҳаи илмҳои сиёсӣ, ҳуқуқшиносони касбӣ бо такя ба арзишҳои таърихи халқамон, орзуву ормонҳои мардуми кишвар, дарки манфиатҳои миллӣ, таҷрибаи қабули конститутсия дар давлатҳои дигар, эҳтиром ба арзишҳои аз чониби умум эътирофшудаи байналмилалӣ, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва муҳимтар аз ҳама, бо мақсади ҳифз ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ ба кори худ шуруъ кард.

Лоиҳаи Конститутсия ба муҳокимаи умумихалқӣ гузошта шуда, дар давоми зиёда аз ду моҳ ба Шӯрои Олӣ зиёда аз ҳашту ним ҳазор пешниҳодҳо ворид гардид.

Бо назардошти он ки дар муҳокимаи ин санади таърихӣ доираи васеи мардум иштирок карда, фикру андешаҳои худро фаъолона иброз намудаанд, лоиҳаи Конститутсия танҳо баъди ба эътибор гирифтани пешниҳодҳои мардум такмил дода, ба раъйпурсии умумихалқӣ бароварда шуд. Чи тавре, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд мекунад: «Қонуни асоси мо, воқеан ҳам, Конститутсияи халқӣ мебошад».

Бояд қайд кард, ки қабули Конститутсия бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ дар миқёси давлатҳои пасошуравӣ яке аз таҷрибаи аввалин ба шумор меравад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз комилтарин Конститутсияи ҷаҳон буда, дар шумораи даҳ Конситиутсияи беҳтарини дунё шомил мешавад.

Аҳамияти таърихии Конститутсия дар он аст, ки ин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқӣ, ки арзишҳои олии халқи тоҷикро дар худ таҷҷассум намуда, суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондустонаи миллати фарҳангсолори моро инъикос кардааст ва таъмин намудани адолати иҷтимоӣ, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқиро яке аз мақсадҳои асосии фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ қарор додааст.

Конститутсия барои таъсис ва рушди низоми ҳуқуқии мамлакат, сохтору мақомоти давлатӣ ва дар меҳвари фаъолияти онҳо қарор додани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон, инчунин, бунёди ҷомеаи адолатпарвар асос гузошта, кафолати таъмини озодӣ, адолати иҷтомоӣ ва баробарҳуқуқии ҷомеаи навини Тоҷикистон гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ қайд карданд, ки «Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад».

Ин санад дар таърих ба унвони Конститутсия эҷод гардид ва то имрӯз ҳамчун санади асосӣ шинохта мешавад. Чи хеле дар боло қайд карда шуд, ҳарчанд қаблан мо дорои чунин санад будем, аммо он ҷавобгӯи ҳадафҳои давлату миллат набуд ва соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон зарурати ба низом даровардани самтҳои асоси сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлати тоҷиконро ба миён овард. Масалан, забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ расман эълон гардид ва рамзҳои давлатӣ ҳамчун муқаддасот шинохта шуданд.

Мутобиқи ин талаботи Конститутсия коргузорӣ, ҳуҷҷатнигорӣ, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, сабти асноди шаҳрвандӣ ва дигар муносибатҳои меҳнатӣ бо забони давлатӣ сурат мегиранд.

Афзалияти дигари ин санад таҳияи боби алоҳида оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон аст ва бори аввал мафҳуми инсон дар чаҳорчӯбаи қонуни асосии давлат баррасӣ ва эътироф гардид. Мутобиқи конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳаматарафа ҳимоя карда мешаванд ва давлат ба ин кафолат медиҳад.

Аз ҷониби дигар, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонро вазифадор менамояд, ки риояи ҳама талаботи ин санад ҳатмӣ аст, яъне шаҳрвандон дар ҳама ҳолат бояд талаботи конститутсияро риоя кунанд. Дар вақти риоя накардани талаботи конститутсия мутобиқи қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ҷавобгарӣ муайян мешавад.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофу эҳтироми арзишҳои миллӣ, расму оинҳо дар раванди пуртаззоди ҷаҳонишавӣ омили воқеии пойдорӣ ва таҳкими истиқлолият арзёбӣ шуд.

Бо пешрафти ҷомеа, хусусан, ҷомеаҳое, ки дар марҳилаи гузариш аз як сохт ба сохти дигари ҷамъиятӣ ва дар ҳоли рушду такомул қарор доранд, зарурати бо Конститутсия ворид кардани тағйиру иловаҳо пеш меояд. Дар Тоҷикистон низ чунин зарурат ба миён омад, ки бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ 26-уми сентябри соли 1999, 22-уми июни соли 2003-юм ва 22 майи соли 2016-ум ба қонуни асосии кишвар тағйиру иловаҳои ворид карда шуда, аксарияти тағйиру иловаҳо хусусияти таҳририву имлоӣ дошта, дар баробари ин ба масоили ҳуқуқи шаҳрандон дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, таъсиси Маҷлиси Олии дупалатагӣ, салоҳият ва дахлнопазирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таҳкими салоҳияти Маҷлси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя, муҳлати пай дар пай интихоб шудани як шахс ба мансаби Президент, тағйири муҳлати ваколати судяҳо аз 5 ба 10 сол, тағйири синну соли номзадҳо ба мансаби Президенти, ба узвияти Маҷлиси милӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ба судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, савганд ёд кардани Ҳукумат, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакиллони Маҷлиси намояндагон, таъсису барҳамдиҳии Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйири номи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ба инҳо монанд масъалаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи қабул гардидани он тағйиру иловаҳо бо тариқи райпурсии умумихалқӣ ворид карда шудаааст, ки райпурсӣ ин худ як навъи техникаи қонунгузорӣ мебошад.

Воқеан, дар ҷомеаи куҳанбунёд, ки асрҳо бо анъанаҳои ба худ хос шакл гирифтааст, таъмини низоми одилона ва устувор дар пояи меъёрҳои ҳуқуқӣ татбиқ мешаванд. Чунини низомро маҳз Конистутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати як санади бунёдӣ бо такя ва риояи меъёрҳои байналмилалӣ рисолати воқеии худ қарор додааст. Ҳамчунин бояд иброз намуд, ки асосӣ тамоми самтҳои фаъолияти давлату давлатдориро танзим намуда, ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои шаҳрвандонро зери ҳимоя қарор додааст.

Сардори шӯъбаи ҳуқуқи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Наши партнеры