Табрикоти директори Агентӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба
Ғалаба! Чӣ истилоҳи азизу пурқимат аст. Иди Зафаре, ки имрӯзҳо 78- солагии он қайд карда мешавад, бар ивази ҷони супурдаи 26 миллион шаҳидони роҳи озодӣ ба даст омадааст.
Таҷлили ҳамасолаи ҷашни Ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи ҷангии падарони шӯҳратманд аст.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар радифи шаҳрвандони 15 кишвари иттифоқии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон 250 ҳазор сокинони ин мамлакати офтобӣ ихтиёрӣ ба фронт рафта, барои таъмини Ғалаба ба фашизми гитлерӣ ҷонбозиҳо намудаанд. Аз ин миқдор беш аз 90 ҳазор нафарашон ҷони худро аз даст дода, барои диловариҳои беназир 57 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шуданд. Зиёда аз 20 ҳазор ҷанговарони тоҷик сазовори ордену медалҳо гардиданд.
Ин ҷанги хонумонсӯз, ки дар таърихи башарият даҳшатноктарин ҷанг мебошад беш аз 1418 шабонарӯз идома ёфта, ҷони 26 миллион шаҳрванди собиқ мамлакати паҳновари Иттиҳоди Шӯравиро рабуд. Дар солҳои бисёр ҳам вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардуми ақибгоҳ, аз он ҷумла меҳнаткашони Тоҷикистон бо заҳмату корнамоиҳои худ дар таъмини ғалаба саҳми муносиб гузоштанд. Ҳар сокини Ватандӯст мехост камтарин имконияти худро барои дастгирии армияи советӣ ва аскарон қурбон кунад. Ва бо ҳамин рӯзу соати Ғалабаро тезонад.
Майдони набарди зидди фашистон ва хатти ҷабҳаи ҷанг аз Тоҷикистони мо ҳазорҳо километр дур буданд. Вале садҳо ҳазор фарзандони бо ору номуси тоҷик, аз ҷумла вилояти Суғду шаҳри Хуҷанд бо амри дилу виҷдон ба ҳимояи Ватан рафтанд, ба даст яроқ гирифта паҳлу ба паҳлуи бародарони гуногунмиллату ҳаммароми худ зидди фашистон ҷангиданд ва ғалабаи оламшумули моро бар душмани ғаддор таъмин намуданд.
Боиси ифтихор аст, ки ҷавонмардони диловар, писарони Ватан дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ корнамоиҳои бемислу монанд нишон дода сазовори ордену медалҳои зиёди ҷангӣ гаштаанд. Нисфи зиёди ҷанговарон аз майдони ҷанг барнагаштанд ва дар заминҳои Русияву Белорус, Укараинаву Молдова, Латвия, Литваю Эстония, Полшаю Булғория, Венгрияю Чехословакия, Руминияю Югославия ва лонаи фашистон – Германия ҷавонии ҷовидона ёфтанд.
Мо дар назди рӯҳи шаҳидони роҳи озодии Ватан, дар назди қаҳрамониҳои падарон сари таъзим фуруд меорем. Хотираи онҳоеро, ки бо гузашти солҳо бо зиндагӣ падруд гуфтаанд, пос медорем. Эҳтироми собиқадорони ҷанг ва оилаҳои шаҳидони ҷангро ҳамеша ба ҷо меорем.
Бо эҳтиром, директори Агентӣ
Ашурализода Абдураҳмон Ашурали